Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихтирои аҷиби донишмандони тоҷик


Донишмандони тоҷик мехоҳанд як абзори ташхисиро офаранд, ки ҳадафи он осонтар кардани кори маъмурони гумрук ва ҳам роҳ надодан ба қочоқи ашёи хатарнок ва ҳатто бомби атомӣ мебошад. Ин абзор детектори нейтронӣ будааст ва Ҷамшед Абдушукуров доктори илми физика аз Пажӯҳишгоҳи Физика ва Техникаи Тоҷикистон аз ихтироъкорони ин абзор.

Тарҳи мазкур барои сармоягузорӣ ба Маркази байналмилалии илмӣ техникӣ пешниҳод шудааст ва дар сурати пазируфтан ва сармоягузорӣ шудан, донишмандони тоҷик ин ихтироъоти худро такмил хоҳанд кард.

Ихтироъкори тоҷик Ҷамшед Абдушукуров дар бораи ин абзор мегӯяд: “Агар детекторҳои рентгенӣ ва нейтрониро муқоиса кунем, масалан ашёе, ки дар детектори рентгенӣ сиёҳ намоён мешавад, дар детектори нейтронӣ сафед аст. Айни замон детектори нейтронӣ метавонад, маводи мамнӯъро дар дохили қуттиҳои оҳанинро, намоён кунад, ки ин корро абзорҳои рентгенӣ карда наметавонанд. Ҳадафи аслии мо озмоиши ҳамин усул ва офаридани ҳамингуна абзори ташхисӣ аст аст.”

-Дар таҳияи ин абзор то куҷо расидед, масалан чанд сади он дуруст шудааст?

-Детекторе, ки мо пешниҳод мекунем, тақрибан омода шудааст. Вале барои муҷаҳҳаз кардани он бо нармафзор ва абзорҳои лозими электронӣ пули мо кифоят накард. Дар сурати такмил шудани он мо омодаем, ба марҳилаи дуввуми кор шурӯъ кунем. Марҳилаи дуввум нишон додани имконоти усулҳои рентгенография ва нейтронография дар ошкор кардани маводи тарканда ва мухаддир ва ҳамчунин бомбҳои атомӣ мебошад. Ингуна бомбҳоро детектори нейтронӣ бисёр хуб ошкор мекунад.

-Ин абзор дар дохили Тоҷикистон офарида мешавад ва ё ҳамкорони хориҷиатон ба шумо кӯмак мекунанд?

-Дар асл мо онро дар Тоҷикистон сохтем, вале дар офаридани он сад дар сад ба таҷҳизоти ғарбӣ такя мекунем. Мо онро худамон месозем, нармафзореро истифода мебарем, ки худамон таҳия кардаем вале бо абзорҳои электронии ғарбӣ муҷаҳҳаз мекунем. Яъне як чизи омехтае ҳосил мешавад, зеро мо дар худи Тоҷикистон наметавонем, ҳамаи абзорҳои электронии онро тавлид кунем. Аз ҷумла абзорҳои электронии амрикоӣ харида истифода мебарем.

-Оё метавон аз ҳоло доир ба тавлидоти саноатии он сӯҳбат кард ё ҳоло танҳо марҳилаҳои аввали илмӣ идома дорад?

-Детекторе, ки ҳоло мо дорем, 20 сантиметр ба 20 сантиметр аст ва ин барои озмоиши усули пешниҳодшуда кофӣ аст. Мо гуфтанӣ нестем, ки ҳоло он детектор барои истифода дар гузаргоҳҳои гумрукӣ мувофиқ аст, вале кофӣ аст, ки усули ташхиси нейтрониро озмоиш кунем. Баъдан мешавад тарҳи як намунаи абзори ташхисии комилро таҳия кард, ва тавлидоти санъатии онро ба роҳ монд. Мо ҳоло танҳо имкон дорем, муаяйн кунем, ки меарзад усули мазкурро истифода барем ё не. Айни замон фақат марҳилаи пажӯҳишӣ идома дорад. Мо ҳоло омодаи истифодаи амалии он нестем, вале омодаем, тавоноиҳои усули ташхиси нейтрониро озмоиш кунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG