Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи EU барои музокираи ҳастаӣ бо Эрон


Бино ба гузоришҳо, Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, пешниҳод кардааст, то музокирот бо Эрон дар мавриди барномаҳои атомиаш моҳи оянда дар Швейтсария баргузор шавад. Дар номае ба унвони Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади атомии Эрон, Кетрин Эштон пешниҳод кардааст, ки музокирот рӯзи 5 декабр доир шавад. Сайид Ҷалилӣ хоста буд, то мулоқот дар шаҳри Истанбул сурат бигирад. Музокироти Эрон бо кишварҳои ғарбӣ дар мавриди барномаҳои атомиаш як соли пеш мутавақиф шуд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, чизе ки давлати Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG