Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо аз эҳтимоли раҳоии Аунг Сан Сучӣ


Давлати низомии Мянмар эҳтимолан Аунг Сан Сучӣ як сиёсатмадори шинохтаи ин кишварро раҳо мекунанд. Хонум Сан Сучӣ, ки барои истиқрори демократия дар Мянмар мубориза мекунад, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел аст ва тайи 21 соли ахир 15 соли умрашро дар зиндони хонагӣ сипарӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки мақомот дастури раҳоии ӯро имзо кардаанд. Ҳизби Иттиҳоди миллӣ барои демократия ба раҳбарии Аунг Сан Сучӣ дар интихоботи соли 1991 пирӯз шуд, аммо низомиёни Мянмар натиҷаҳои интихоботро напазируфта ӯро ба зиндон андохтанд.
XS
SM
MD
LG