Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои мубориза бо вабо дар Ҳаитӣ кӯмак хост


Созмони Милали Муттаҳид ба хотири монеъ шудан ба густариши бемории вабо дар Ҳаитӣ, ки бештар аз 700 нафарро кушт, 164 миллион доллар кӯмаки молӣ хостааст. Элизабет Бурс, аз Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал гуфт, маблағи мазкур барои эъзоми табибони изофӣ ва дорувориву таҷҳизоти тасфияи об истифода хоҳад шуд. Баъди хуруҷи бемории вабо дар моҳи гузашта дар Ҳаитӣ, бештар аз 11 ҳазор мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG