Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз имлои тоҷикӣ чаҳор ҳарфро кам мекунанд?


Сайфиддин Назарзода, донишманди тоҷик мегӯяд, масъалаи аз имлои тоҷикӣ ҳазф кардани ҳуруфи е, ё, ю ва я баррасӣ мешавад. Дар як мақолаи тӯлонӣ дар рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” Сайфиддин Назарзода, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улум навиштааст, ин ҳуруфи ётбарсар, бозмондаи алифбои русӣ аст, ки зери таъсири сиёсати русисозии алифбоҳои миллатҳои шӯравии собиқ ба имлову ва алифбои тоҷикӣ ворид кардаанд. Сайфиддин Назарзода мегӯяд, ин ҳуруфро ҳамсадоҳои дигари мавҷуд дар имло метавонанд иваз кунанд, ба мисли ба ҷойи ҳарф ю мешавад, й ва у-ро истифода кард.
XS
SM
MD
LG