Пайвандҳои дастрасӣ

Ду қирғиз ба қатли ӯзбакҳо гунаҳкор дониста шуданд


Гурӯҳе аз наздикону тарафдорони ду қирғиз, ки ба қатли ӯзбакҳо дар ҷараёни муноқишаҳои қавмии моҳи июн гунаҳкор дониста шуданд, алайҳи ҳукми додгоҳ эътироз кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин гурӯҳи 20 нафарӣ дар назди додситонӣ ва додгоҳи шаҳри Ҷалолобод ҷамъ омада ва хостори озодии Рустам Ҷиинбеков ва Чулпон Оҷанов шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти интизомӣ бо латукӯб ин ду нафарро водор кардаанд, ки масъулияти қатли ду ӯзбаки маҳаллиро бар дӯш бигиранд. Додгоҳ Рустам Ҷиинбеков ва Чулпон Оҷановро мутаносибан ба 25 ва 20 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҷараёни муноқишаҳои қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн дар вилояти Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG