Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба корвони нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Як корвони мошинҳои Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО дар Кобул мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Иттилоъе доир ба талафот дар миёни сарбозон ва осеб дидани онҳо нарасидааст. Пулиси Афғонистон гуфт, ҳамларо як бомбгузори маргталаб анҷом додааст, вале нерӯҳои эътилофӣ гуфтанд, қазияро таҳқиқ мекунанд. Ҳамла ба сарбозони хориҷӣ дар назди бинои порлумони Афғонистон сурат гирифтааст, ки посбонии онро моҳи сентябр тақвият дода буданд.
XS
SM
MD
LG