Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз авзои шимоли Афғонистон


Андрей Аветисян, сафири Русия дар Кобул дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерс гуфтааст, вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон башиддат бад шуда, Маскав аз расидани доманаи фаъолиятҳои чирикӣ ба марзҳои кишварҳои Шӯравии собиқ ҷиддан дар нигарон аст.

Андрей Аветисян ҳамчунин бо ишора ба амалиёти ахири муштараки Русияву Амрико дар шарқи Афғонистон, хостори амалиётҳои бештари зидди қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар бо ҷалби ниҳодҳои марбутаи Русия шудааст.

Сафири Русия гуфт, паймони низомии НАТО, ки фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, аз Маскав дар роҳи транзити молҳои марбут ба таъмини нирӯҳои эътилоф дар ин кишвари ҷангзада имконоти бештари транзитиро хостааст. Вале Аветисян аз шарҳи ин мавзӯъ, ки оё ин дархост ироаи иҷозати транзити аслиҳаро низ фаро мегирад, худдорӣ кард.

Сафири Маскав дар Кобул дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки вазъ дар саросари Афғонистон рӯ ба вахомат овардааст, бад шудани вазъ ба вижа дар шимол “хеле нигаронкунанда” аст. Андрей Аветисян гуфт, ҷанг торафт ба марҳои мо наздиктар шуда, алакай ба марзи Тоҷикистону Узбакистон расидааст. Ончӣ мояи тарси мо аз Афғонистон аст, ифротгароиву терроризм ва маводи мухаддир аст, ки аз инҷо ба сӯи мо паҳн мешавад, гуфтааст, сафири Русия дар Афғонистон.

Изҳори нигаронӣ аз минбари СММ

Зимнан, сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин ҳам ҳафтае қабл дар Маҷмаъи умумии Милали Муттаҳид ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро ба он айбдор кард, ки бо роҳандозии амалиётҳои густарда дар ҷануби Афғонистон, ҷангиёнро ба манотиқи шимол, ба наздиктари марзи кишварҳои узви СПАД меронанд. Бо ин ҳол, ахиран аз вилоёти шимоли Афғонистон дар бораи задухӯрдҳо бо ҷангиёни толиб гузоришҳои ҳарчӣ зиёдтар ба гӯш мерасанд.

Бад шудани вазъ дар шимоли Афғонистон ва эҳтимоли бо фаъол шудани Толибон ва бо истифода аз чунин фурсат ба ин сӯи Омӯ рахна кардани шуморе аз ҷангиёни, барои мисол, Ҳаракати исломии Узбакистон, ки бахше дар Афғонистону бахше ҳам дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони Покистон, паноҳ мебурданд, мояи нигарониҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Дар шимоли Афғонистон чӣ мегузарад?

Аммо чунин эҳтимол то куҷо воқеъият дорад ва ин шабу рӯз дар шимоли Афғонистон чӣ мегузарад? Бо ин суолҳо Нурмуҳаммади Саҳим, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз посух мегӯяд:

XS
SM
MD
LG