Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори "муҷоҳиддини тоҷик"-ро таҳқиқ мекунанд


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дурустии навори видеоиро, таҳқиқ мекунад, ки дар афроди гурӯҳи мусаллаҳи Алии Бедакӣ нишон дода шудаанд. Нозирҷон Буриев сухангӯи Кумитаи амнияти миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ба аслӣ будани навор шубҳа дорад. Ӯ афзуд: «Маълум нест, ки навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст ва ҳоло он мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор дорад.” Алии Бедакӣ ва ё Аловуддин Давлатовро, мақомоти Тоҷикистон ба ноором кардани авзоъ дар водии Рашт ва аз ҷумла қатли 25 сарбоз дар моҳи сентябр муттаҳам мекунанд. Рӯзе пештар дар торнамои Дейли Моушн як навори видеоие нашр шуд, ки дар он гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ва ришдор аз қасди худ барои ҷанг дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд.
XS
SM
MD
LG