Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз созиши ҷиноҳҳои сиёсии Ироқ истиқбол кард


Ба Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, 30 рӯз мӯҳлат доданд, то ҳукумати навро ташкил диҳанд. Ҷиноҳҳои ироқӣ бо гузашти ҳашт моҳ аз интихобот саранҷом бар сари тақсими қудрат тавофуқ карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин тавофуқ гуфт: “Тамоми аломатҳо вуҷуд дорад, ки ҳукумати Ироқ, мардумӣ ва фарогир хоҳад буд ва иродаи мардуми Ироқро, ки дар интихоботи гузашта раъй доданд, инъикос хоҳад кард.“ Дар интихоботи моҳи марти гузашта ҳеҷ яке аз аҳзоби Ироқ раъйи кофӣ барои таъсиси ҳукуматро ба даст наоварданд ва ахиран ҷиноҳҳои шиъамазҳабон ва ҷиноҳи мавриди ҳимояти сунниёни Ироқ бар сари тақсими қудрат ба созиш расиданд. Дар нишасти порлумони Ироқ дар рӯзи панҷшанбе, Ҷалол Толибонии курд дигарбора раиси ҷумҳур интихоб шуд ва аз Нурӣ Ал-Моликӣ хост, ба ҳайси нахуствазир ҳукуматро таъсис диҳанд. Порлумони Ироқ ҳамчунин Усома Ал-Нуҷайфии суннимазҳаб, аз ҷиноҳи Ироқияро раиси порлумон интихоб кард.
XS
SM
MD
LG