Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти ҳамла ба Карочиро бар дӯш гирифтанд


Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамлаи харобиовар ба қароргоҳи пулиси зиддитерори шаҳри Карочии Покистонро бар ӯҳда гирифт. Дар ин бомбгузориву тирандозӣ дар рӯзи панҷшанбе 15 нафар кушта ва 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулиси Покистон гуфт, ҳамлаварон нахуст ба Раёсати таҳқиқи ҷиноёт тирандозӣ ва сипас мошини бомбгузоришударо ба он равона карданд. Дар бинои раёсат умдатан муттаҳамон ба ҷиноёт, тундравон, аз ҷумла аз гурӯҳҳои ифротгароии мамнӯъро бозпурсӣ мекардаанд. Як сухангӯи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG