Пайвандҳои дастрасӣ

Филмсози эронӣ мегӯяд, ӯро шиканҷа кардаанд


Як филмсоз ва хабарнигори эронӣ, бо тасвири саргузашти худ дар боздоштгоҳ гуфтааст, ки ӯро маъмурони амниятӣ азобу шиканҷа кардаанд. Муҳаммад Нуризод дар баёнияи интернетие гуфтааст, ӯ ва дигар ҳамроҳонашро дар боздошгоҳ бераҳмона латукӯб кардаанд. Ӯ рафтори маъмурони интизомиро “барбарона” хондааст. Филмсози эронӣ мегӯяд, рафтори онҳо бо дигар зиндониёни сиёсӣ ҳамингуна будааст. Муҳаммад Нуризодро мақомоти интизомии Эрон баъди тазоҳуротҳои пасазинтихоботии моҳи июни соли гузашта дар Эрон бо иттиҳоми норушане ба севуним соли зиндон ва 50 шаллоқ маҳкум карданд, вале 24 июн озодаш карданд.
XS
SM
MD
LG