Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии вакили рус аз эътирозҳои арманиҳо


Як вакили баландпояи Думаи давлатии Русия аз эътирозҳои пуршиддат алайҳи тарҳи қонуни Арманистон доир ба макотиб бо забонҳои хориҷӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Николай Рижков гуфтааст, намоён аст, ки ҳадаф аз ин тазоҳурот забони русист. Ба гуфтаи ӯ, чун ҷомеаи бузурги арманиҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд, бояд забони русӣ дар Арманистон ҳам истифодаи васеъ дошта бошад. Ҳукумати Арманистон тарҳи қонунеро барои баррасӣ ироа кард, ки иҷоза медиҳад, дар қаламрави кишвар 8 донишгоҳи олӣ бо забони хориҷӣ аз ҷумла русӣ фаъолият кунад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби мухолифи Арманистон мегӯянд, ин қонун мавқеъи забони арманӣ ба ҳайси забони расмиро танг мекунад.
XS
SM
MD
LG