Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, навори видеоие, ки дар торнамои "Daily Motion" нашр шудааст ва дар он гӯё афроди гурӯҳи Алии Бедакӣ дар ҳоли гузаштан аз ағбаи барфпӯш тасвир шудаанд, ба воқеъият шабоҳати чандоне надорад. Навори мазкур марвиди таҳлили коршиносони КДАМ қарор гирифтааст.

Нозирҷон Буриев, масъули робита бо ҷомеа дар Кумитаи амнияти миллӣи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки ба воқеъияти ин навор чандон боварӣ надорад.

Ӯ мегӯяд: «Маълум нест, ки ин навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст ва кӣ ҳастанд ин одамон. Зеро аз ин навор умуман фаҳмида намешавад, ки кӣ ҳастанд онҳо. То мутахассисон муайян накунанд, чизе гуфтан намешавад. Тамоми тадбирҳои амниятӣ гирифта шудааст ва ин навор таҳлил карда мешавад....»



Наворе бидуни паём

Дар титри оғози ин навор, ки рӯзи 10 -уми ноябр нашр шудааст, гуфта мешавад, ин "гурӯҳи муҷоҳидони Алии Бедакӣ ё Аловуддин Давлатов ҳангоми убур аз ағба дар моҳи ноябри соли 2010".

Ин навор як рӯз баъд аз он пахш шудааст, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саидмуъмин Ятимов дар нишасти сарони ниҳодҳои амниятии Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе гуфт, амалиёт дар Рашт тақрибан ба поён расида, гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ин ҷо торумор гаштаанд. Дар торнамои "Daily Motion" муаллиф, сарчашмаи навор ва аз куҷо пахш шудани он тазаккур наёфтаанд.

Навори видеоӣ, зоҳиран, тавассути телефони ҳамроҳ ва бо кайфияти начандон хуб дар баландкӯҳи сербарф наворбардорӣ шудааст. Дар он 6-7 нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои афғонии "пакул" доранд. Аммо онҳо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва аз маҳалҳое ном мебаранд, ки дар Тоҷикистон воқеъанд.

Дар ин навори видеоӣ паёми хосе ҳам қироат нашуда ва худи Аловуддин Давлатов низ шахсан муаррифӣ нашудааст. Аммо дигарон ба нафаре, ки либоси низомӣ ва риши дароз дорад, ба унвони ҳазрат муроҷиат мекунад, ки эҳтимол меравад, Аловуддин Давлатов бошад.

"Алии Бедакӣ дар навор нест"

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки наворро дастрас намудаанд, аммо сифати пасти навор тамошо ва ташхиси онро душвор кардааст. Як корманди ин ниҳод ба Озодӣ гуфт, ки Алии Бедакиро мешиносад ва ӯ дар ин навор нест.

Амалиёти нируҳои давлатӣ зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи кишвар аз амалиётҳои собиқ фарқ мекунад. Аз шурӯи ин амалиёт ба ин сӯ робитаи телефонӣ дар ин минтақа катъ карда шудааст ва фармондеҳоне, ки дар амалиётҳои гузашта пайваста бо матбуот дар тамос буданд, дастрас нестанд. Ягона манбаъи иттилоъ ниҳодҳои давлатӣ боқӣ мемонанд.

Абдуазими Абдуваҳоб, хабарнигори рӯзномаи «Имрӯзnews», ки ба тозагӣ аз минтақаи Рашт баргаштаст, мегӯяд, ҳоло ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин минтақа ҳузур доранд. Ӯ меафзояд, ба сурати умум вазъи минтақа ором аст. Вале фазо ҳанӯз мармуз аст ва нигарониву ҳарос эҳсос мешавад.

Алии Бедакӣ кист?

Як хабарнигори дигар, ки ба тозагӣ аз ин минтақа баргаштааст ва нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки ба дурустии ин навор боварӣ дорад. Ҳоло ҳам Алии Бедакӣ дар кӯҳҳои Рашт бо гурӯҳҳои худ пинҳон аст, афзуд ӯ.

Вай мегӯяд: «Нисбати Алии Бедакӣ мардум хушбин нест. Вақте аз назди як мактаби деҳа мегузаштам, сокинон гуфтанд, ки ду сол пеш болои ҳамин мактаб Алии Бедакӣ байрақи исломро зада буд. Касе аз тарс ӯро чизе нагуфт. Собиқ раиси ноҳияи Раштро боре дар як маърака аз дасташ гирифта берун баровард, ки «ин ҷо ҷойи зиёфатхӯрии шумо нест, бароед». Умуман мақомот ва мардум аз ошкор кардани корҳои ӯ метарсиданд. Мардум мегӯянд, ки бо Алии Бедакӣ ҷавонон аз Ашту Исфара, умуман аз ҳама манотиқ ҳастанд ва танҳо як нафар аз Рашт бо ӯст. Вай ба бачаҳо дар як моҳ то 2000 ҳазор доллар маош медиҳад... Он ҷо вазъ мармуз аст ва ҳама иттилоот дар дасти мардум аст. Зеро онҳо шоҳиди фаъолияти ӯ буданд. Ҳатто Алии Бедакӣ боре ба назди собиқ раиси ноҳия барои додани дӯкони гӯштфӯрушӣ рафтааст ва раис ними бозорро ба ӯ додааст, пас аз ӯ тарс доштанд, ки ин корро карданд... Ё ин ки бародари ӯ ба фӯрухтани либоси ҳарбӣ машғул будааст...»

Фирӯза Азизова, як сокини Рашт, ки ҳануз аввали тирамоҳ дар сӯҳбат бо мо аз вуҷуди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт хабар дода буд, мегӯяд, ки ӯ дар ҳамсоягии Алии Бедакӣ зиндагӣ мекунад: "Алии Бедакӣ яке аз қумондонҳои саҳроии ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки солҳои охир ҳамчун раиси ҷамоат кор мекард», - гуфт хонум Фирӯза ва афзуд, "Алии Бедакӣ ҳамеша байрақи исломӣ дар даст дошт».

«Ҳозир дар куҷо пинҳон аст, касе намедонад. Худаш гӯштфурӯш буд. Баъзеҳо бачаҳои худро ҷустуҷӯ доранд, мегӯянд на аз онҳо хабаре нест. Шояд ҳамроҳи Алии Бедакӣ пинҳон бошанд. Мардум зоҳиран нороҳатиашонро нишон намедиҳанд, аммо аз тақдири фарзандонашон нороҳатанд. Мардуми Рашт аз ҳукумат ва оромӣ пуштибонӣ мекунад...».

Зуҳуров: Навор кори дасти иғвоангезон аст

Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле ки вазъ дар Рашт мӯътадил хонда мешавад ва нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам дар ҳоли бозгашт аз минтақа қарор доранд, пахши чунин наворҳо фитна ба назар мерасад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳоло асри иттилоолоту технолоҷӣ аст ва ҳар кас метавонад аз тариқи хадамоти мобилӣ ва интернетӣ ба осонӣ ба ин наворҳо дастрасӣ дошта бошад ва ба ҳақиқат будани ин навор бовар кунад. Ситезаҷӯйҳо низ аз ин роҳҳо истифода мекунанд:

Ӯ гуфт: “Тибқи иттилое, ки мо ҳам шунидем, як қисми нерӯҳои ҳукуматӣ аз Рашт баргаштанд, албатта бо назардошти беҳбуд шудани вазъ. Ин навор аз тариқи шабакаҳои давлатӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу ҳукуматии мо гузошта нашудааст. Албатта тариқи интернет ва кори дасти қувваҳои ситезаҷӯён ва иғвоангезон аст, ки оромии моро намехоҳанд».

Мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, аксари нерӯҳои амниятӣ аз минтақаи Рашт ба маконҳои доимии худ баргаштаанд ва вазъ дар минтақа ором аст. Аммо ин ба маъное нест, ки таҳдиди гурӯҳҳои хатарзо ба амнияти кишвар аз байн рафтааст, мегӯянд мақомот.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG