Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Чин Бозиҳои XVI осиёӣ оғоз мешавад


Имрӯз, 12-уми ноябр, дар шаҳри Гуанҷоуи Чин маросими кушоиши Бозиҳои XVI осиёӣ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ, ки дар чаҳор сол як бор барпо мегардад, беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари Осиё ширкат меварзанд. Ба барномаи бозиҳо 42 навъи варзиш дохил аст.


Маҳмуди Абдуллоҳ, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 61 варзишгар шомиланд, ки дар 16 навъи варзиш ширкат хоҳанд кард (13 риштаи олимпӣ - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштии озод, дзю-до, камонварӣ, қаиқронӣ, таэквон-до WTF, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ ва шиноварӣ, 3 риштаи ғайриолимпӣ - каратэ, софтеннис ва ушу). Мо аз варзишгарони маъруфи кишвар, монанди Дилшод Назаров, дар риштаи гурзандозӣ, Расул Боқиев, дар навъи гуштии дзю-до, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, дар риштаи бокс, ва дигарон натоиҷи баландро чашмдорем. Дар маросими кушоиши Бозиҳо гуштигири маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар соли 2008-ум, парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад. Воқеъан, ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 98 нафар иборат аст ”.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ шурӯъ аз соли 1994 ширкат меварзанд. Ҳамон сол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XII осиёӣ дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ду медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои XIII осиёӣ, ки соли 1998-ум дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир шуданд, бе медал баргашт.

Варзишгарони тоҷик соли 2002-юм дар Бозиҳои XIV осиёӣ дар шаҳри Бусани Куриёи Ҷанубӣ аз ҳама бештар – 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2006-ум дар Бозиҳои XV осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар соҳиби 4 медал – 2 тилло ва 2 биринҷӣ гардид. Зимнан, варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар ин бозиҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Расул Боқиев оид ба гуштии дзю-до ва Шокирҷон Раҷабов дар намуди таэквон-до WTF бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Натиҷаи аз ҳама беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ касби ҷои 24-ум байни 45 кишвар дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар мебошад.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар чаҳор давраи Бозиҳои осиёӣ (аз соли 1994-ум то соли 2010-ум) ҳамагӣ 12 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG