Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Амрико барои тақвияти дипломатияи мардумӣ


Ҷудит Макнейл
Ҷудит Макнейл

Ноиби вазири умури хориҷии Амрико дар риштаи дипломатияи мардумӣ ва умури мардумӣ, Ҷудит Макнейл меҳмони дафтари марказии Радиои Аврупои Озод гашт ва ба пурсишҳои мухталифи хабарнигорони роҷеъ ба талошҳои ҳукумати кишвараш дар амри беҳбуди равобит бо мардуми саросари олам посух дод.

Радиои Озодӣ: Вақте ду сол пеш, Барак Обама раисиҷумҳури Амрико шуд, гуфт, ин як фурсатест, ки симои Амрико дар ҷаҳон тағйир дода шавад. Оё ин талош чӣ гуна пеш меравад?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, аз аввалин рӯзҳои кораш, аз лаҳзаи ёд кардани савганд, президент, худи ӯ ва ҳам вазири умури хориҷӣ, Клинтон, талош доранд бо тамоми мардум дар саросари олам равобит дошта бошанд ва асли ин равобитро эҳтироми тарафайн, эътимоди тарафайн, тафоҳуми тарафайн ва муносибати ҳамкорона ба ҳамаи душвориҳои пешорӯи мо ташкил диҳад. Хуб, мо ин якуним сол ё бештар, қариб ду солро ҳама якҷоя бо бознигарии барнома ва ташаббусҳои хеш барои робита бо мардуми ҷаҳон, дарёфти роҳҳои нави муколама ва ҳамкорӣ сарф кардем. Ва ба фикрам, кор хуб пеш меравад. Албатта, мушкилоте ҳаст, ки идома дорад ва ҳамоно боқӣ хоҳад монд, вале ман мебинам мардум хеле бозанд ва ирода доранд, ки ба рӯҳияи нави ҳамкорӣ бо кишвари мо ворид шаванд.

Радиои Озодӣ: Ҳамчун ноиби вазири умури хориҷии Амрико дар риштаи дипломатияи мардумӣ ва умури мардумӣ, шумо ҳирфаи худро дақиқан чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва се авлавияти кори Шумо кадомҳоянд?

Ҷавоб: Сода карда гӯем, ман масъули он бахши Вазорати умури хориҷиям, ки ӯҳдадор аст робитаҳои байни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва мардумони ҳамаи кишварҳои оламро таҳким ва густариш диҳад. Зоҳиран вазифаи кӯчаке, ки бояд бо қариб 7 миллиард нафар бирасем ва ҳамкорӣ кунем. Вале ман фикр мекунам, мо дар расидагӣ ба доираҳои нави мардум пешрафт дорем, дар расидагӣ ба муштариён ва шаҳрвандони саросари ҷаҳон. Аз лиҳози авлавиятҳои асосӣ, яке аз онҳо рушди василаҳо ва барномаҳои нав аст. Дигар, фаҳмиши беҳтари он, ки чӣ чизҳо барои мардумони ҷаҳон муҳиманд, ҳамкорӣ бо онҳо барои таҳияи барномаҳои нав, дарёфти роҳҳои нав барои шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида, то ҳамкасбон ва ҳамкорони худро дар саросари ҷаҳон беҳтар омӯзанд, бубинанд, бо онҳо баҳс кунанд. Ба фикрам чизҳое, ки бояд ба иҷрояшон нигарем зиёданд.

Радиои Озодӣ: Дар як соли гузашта, бино бар дарёфтҳои Маркази Пю, маҳбубияти Амрико дар Миср, ки 17 моҳ пеш аз он ҷо президент Обама ба мусулмонони ҷаҳон муроҷиат кард, поин рафтааст. Ҳамчунон дар Урдун, Покистон, Туркия ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамаи онҳо аз ҳампаймонҳои муҳими Амрико ба шумор мераванд. Дипломатияи мардумӣ барои тағйири вазъ чӣ карда метавонад ва оё ин коҳиш ба омилҳои бунёдии сиёсӣ вобастааст?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ин ҷо чандин омил ҳаст, ки мо ба онҳо ҳамеша нигоҳ мекунем. Ба фикрам, дар робита ба чанд кишваре, ки шумо ном бурдед, президент Обама зиёда аз як сол пеш дар Қоҳира паёми боварнакардие дода буд. Интизориҳо баъд аз он ба таври боварнакарданӣ зиёд буданд ва мо хеле сахт кор мекардем, то иҷрои ваъдаҳои президентро таъмин кунем. Аммо чизҳое буд, ки иҷрои онҳо фурсат мехост. Як нашрия рӯзи баъдаш навишта буд, ки мо дар ҳақиқат пешрафт мекунем, зеро он қадами хурде буд, ки моро ба мардуми одӣ наздик ва ҳамкор мекард. Ин чизест, ки на ҳатман ба натиҷаи назарсанҷиҳо ворид мешавад. Ва ман фикр мекунем, ин заҳмат бо мурури замон самар медиҳад. Вақте, ки шумо ба чунин арсае ворид мешавед ва мехоҳед бо мардум робита барқарор кунед ва ё равобитро тармим намоед, ин кор фурсат мехоҳад. Ман дар риштаҳое, ки Шумо ном бурдед, хеле кор кардаам ва мо хеле ба онҳо тамаркуз дорем. Миср, Урдун ва Покистон. Ва ман бовар дорам, ки мо дар он ҷо пешрафтҳое кардаем, ки на ҳатман дар он назарсанҷиҳо бозтоб ёфтааст. Ва ман фикр мекунам, мо бояд ба ин назарсанҷиҳо боэҳтиёт нигоҳ кунем, зеро онҳо баёнгари як маҳдудаи хурди замониянд, вале мо талош дорем дар даррозмуддат робитаҳои ҳасана барпо ва ҳифз кунем.

Радиои Озодӣ: Шумо аз тармими равобит бо бархе аз кишварҳо сӯҳбат кардед. Оё метавонед бигӯед, ки чиро бояд тармим кард, ончӣ ки гӯё тахриб дидаасту бояд тармим шавад, ном ё мушахассоте дорад?

Ҷавоб : Ман фикр мекунам, чизҳои зиёде буда метавонад, ки сабаби тахриб мешавад. Мусалламан, масъалаҳое ҳаст, ки мо ва дигар кишварҳо сари онҳо ихтилофи назар дорем. Мумкин аст, бархе аз сиёсатҳои мо ба мардум писанд нест. Дар баъзе маврид, ҳангоми иҷрои як кори хубе, ба андешаи ман, мо натавонистаем ба мардум бифаҳмонем, ки чӣ кор мекунем ва чаро. Ба фикрам, гоҳе ҳамаи ин омилҳо ба ҳам меоянд. Шубҳае нест ва ба фикрам, ҳар кас бархе аз эҳсосотро, ки аз ҷанги Ироқ ё чизҳои дигар рӯ задаанд, мефаҳмад ва дарк мекунад. Биноан, мо ба он менигарем, ки чӣ гуна масъаларо фаҳмонд ва дар муколама пешрафте кард, бо мардум тамос гирифт, сухани онҳоро шунид ва ё иттилоъро ба дасти онҳо дод, то бифаҳманд, ки мо чӣ кор карда истодаем. Албатта, ҳамеша риштаҳое хоҳад буд, ки мо ихтилофи назар хоҳем дошт ва фикр намекунам, мо замонеро ҷустҷӯ дорем, ки ҳама ба ҳама чиз розӣ бошанд. Вале ончӣ мо мехоҳем бикунем ин аст, ки фазоеро эҷод кунем, ки мардум битавонанд баҳсу мунозира кунанд, ақидаву андешаи худро баён кунанд. Дӯстона. Метавонанд аз ҳамдигар хашмгин шаванд, вале ҳатмӣ нест, ки бо нафрат ба ҳамдигар тамом шавад.

Радиои Озодӣ: Шумо манзараро хеле нарм қаламдод мекунед. Аммо донишҷӯёне, ки мехоҳанд барои таҳсил ба Иёлоти Муттаҳида раванд, дар гирифтани раводиди сафар бисёр машаққат мекашанд. Бархе аз сафоратҳои Амрико ба қалъаҳои дастнорас табдил ёфтаанд, ки мардуми он кишварҳоро аз тамос бо амрикоиён дилсард мекунад. Оё ин ба талошҳои дипломатияи мардумӣ зарба намезанад?

Ҷавоб: Ба фикри ман хеле мушкил буд ва мо инро эътироф мекунем. Дар мавриди визаҳои донишҷӯӣ, Вазорати умури хориҷӣ хеле ва хеле зиёд кор кард, то ин масъаларо ҳал кунад ва имрӯз дарвоқеъ шумораи раводидҳои таҳсил назар ба давраи то рӯйдодҳои 11-уми сентябр хеле бештар шудааст. Барои ин мо роҳи дарозеро тай кардем. Аммо роҳи дарозтаре дар пеш аст. Ба бовари ман, он ҳанӯз ҳам як фароянди мушкил аст, вале мо мехоҳем бубинем, ки чӣ фанновариҳоеро мо метавонем истифода кунем, то фароянд осонтар шавад, зеро мо мехоҳем, ки донишӯён ба Иёлоти Муттаҳида оянд. Мо мехоҳем, онҳо чунин имкониятро дошта бошанд. Ман аз пешрафте, ки кардаем, шодам ва идомаи пешрафт ё худ пешбурди пешрафтро яке аз авлавиятҳоямон мешуморам. Дар бораи таҳкими амнияти сафоратхонаҳо ва эҳтиёткориҳои амниятӣ бояд бигӯям, ки ин бештар ба сафоратхонаҳои нав дахл дорад ва албатта, як мушкиле барои дипломатияи мардумист, вақте мо мегӯем, ки бояд бо мардум тамоси наздик дошт ва дар айни замон, дар баъзе мавридҳо барои мардум омадан ва бо мо мулоқот карданро мушкил месозем. Хуб, мо чӣ кор мекунем? Мо бархе аз тасмимҳоро бознигарӣ мекунем ва мехоҳем, баъзе аз марказҳоро аз сафоратҳо ҷудо кунем, ҳарчанд, ки дар баъзе ҳолат ин номумкин аст. Имрӯзҳо ман аз Маркази амрикоӣ дар Прага дидан кардам. Ин як маркази ҷолиб аст ва мардум ба он дастрасии хуб доранд ва мо ҳамин роҳро ҳифз мекунем. Мо меандешем, ки чӣ гуна бо ниҳодҳои дигар ҳамкорӣ кунем, онҳоро муттаҳид намоем, то талошҳои мо муваффақ бошанд. Вақте, ки ман дар Баҳрайн будам, ман ба фикри ниҳодҳои сайёри омӯзишӣ афтодам. Мо онро озмоиш мекунем ва мебинем, ки дар ҷойҳои дигар чӣ гуна мешавад, аз онҳо истифода кард. Мехоҳем ба ҷое равем, ки мардум онҷоянд. Дар Ҷакарта, мо маркази навро дар як фурӯшгоҳ боз мекунем. Ин як маркази пешрафт хоҳад буд, бо компютерҳо ва толорҳои хурд барои маҳфилҳо. Ин ҷоест, ки мардум он ҷоянд ва мо мехоҳем он ҷо бошем. Хулоса, дар ҳоли ҳозир мо ҳама коро мекунем, ки дар дастраси мардум бошем, дар ҷое бошем, ки бо мардум сӯҳбати дилхоҳ карда тавонем.
XS
SM
MD
LG