Пайвандҳои дастрасӣ

Торнамои "Daily Motion" навори видеоиеро нашр кард, ки дар он афроди мусаллаҳ дар кӯҳистони сербарф тасвир ёфта, дар титри аввали навор гуфта мешавад, ин "гурӯҳи муҷоҳидони Алии Бедакӣ ё Аловуддин Давлатов мебошад, ҳангоми убур аз кӯҳсор дар моҳи ноябри соли 2010".

Ин навор рӯзи 10-ум ноябр як рӯз баъд аз он пахш шудааст, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саидмӯъмин Ятимов дар нишасти сарони ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе гуфт, амалиёт дар Рашт тақрибан ба поён расида, гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ин ҷо торумор гаштаанд. Дар торнамои "Daily Motion" муаллиф, сарчашмаи навор ва аз куҷо пахш шудани он тазаккур наёфтаанд.

Навори ҳақиқӣ ё сохта?

Навори видеоӣ, зоҳиран, тавассути телефони ҳамроҳ ва бо кайфияти начандон хуб дар баландкӯҳи сербарф наворбардорӣ шудааст. Дар он 6-7 нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои афғонии "пакул" доранд. Аммо онҳо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва аз маҳалҳое ном мебаранд, ки дар Тоҷикистон воқеъанд.

Санҷиши ҳақиқати ин навор мушкил ва шояд номумкин аст, ҳамчунон гуфтан душвор аст, ки он ҳақиқист ё сохта. Агар ин навор ҳақиқат бошад, он нахустин далели ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои баландкӯҳи шарки Тоҷикистон аст ва як рӯз баъд аз эъломияи раиси Кумитаи амнияти миллӣ пахш шудани он эҳтимолан талоши радди баёнияи расмист.

Дар ин навори видеоӣ паёми хосе ҳам қироат нашуда ва худи Аловуддин Давлатов низ шахсан муаррифӣ нашудааст. Аммо дигарон ба нафаре, ки либоси низомӣ ва риши дароз дорад, ба унвони ҳазрат муроҷиат мекунад, ки эҳтимол меравад, Аловуддин Давлатов бошад. Дар ин навори видеоӣ, силоҳбадастон шаклу сурати худро пинҳон намедоранд ва баръакс яке аз онҳо кулоҳи худро аз сар гирифта, аз наворбардор хоҳиш мекунад, ки то ӯро «хушрӯтар» наворбардорӣ кунад, то бинанда ӯро бишиносад.

Вазорати дифоъ дар Рашт тамрингоҳи низомӣ таъсис медиҳад

Навори видеоӣ дар ҳоле ба намоиш гузошта мешавад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тақрибан анҷом ёфтани амалиёти нерӯҳои ҳукумат ва маҳв шудани гурӯҳҳои пайкорҷӯ дар Рашт гузориш додаанд. Вале дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Вазорати дифои Тоҷикистон мухолифи ақиб кашидани нерӯҳо аз водии Рашт мебошад ва талош дорад, ки дар шарқи кишвар барои тамрини аскарону афсаронаш барои ширкат дар амалиёти минтақаҳои баландкӯҳ маркази омӯзишиву амалии доимамалкунанда ташкил кунад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорати дифоъ гуфтаст, чунин тамрингоҳҳо дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон вуҷуд доранд, аммо то ҳол дар минтақаи Рашт набуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳҳои пайкорҷӯ ба корвони мошини сарбозони вазорати дифоъ нишон дод, ки ташкили чунин тамрингоҳ дар ин минтақа зарур аст.

Гуфта мешавад, сохтмони ин тамрингоҳ дар як ё ду соли оянда ба итмом хоҳад расид ва аммо барои дар фасли зимистон фаъолият кардани ин пойгоҳ ба минтақаи Рашт чандин хайма фиристода шудааст. Дар хамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз амалиёт алайҳи гурӯҳҳои пайкорҷӯ идома дорад.

Амалиёти нерӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов дар шарқи Тоҷикистон дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ва пас аз он, ки дар пайи ҳамлаи ғофилгиронае 28 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароб кушта ва 14 тани дигар захмӣ шуданд, оғоз ёфт. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷараёни ин амалиёт 20 тан аз пайкорҷӯён низ ба ҳалокат расидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG