Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти таркиши Карочиро бар дӯш гирифтанд


Ҷунбиши Толибон масъулияти ҳамла ва тахриби ситоди зиддитеррори полиси Покистон дар калонтарин шаҳри ин кишвар -- Карочиро бар зимма гирифт. Мақомоти покистонӣ ва шоҳидон мегӯянд, аз таркиши як мошини боркаши бомбгузоришуда бинои полис ба хок яксон шуда, 15 нафар кушта ва зиёда аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ситоди полис дар минтақаи марказӣ ва амни шаҳр, дар ҳамсоягӣ бо бинои ҳукумати шаҳр, консулгарии Иёлоти Муттаҳида ва манзили волии аёлат ҷойгир шуда буд. Гуфта мешавад, баъд аз таркиш садои тирандозиҳо ба гӯш расидааст, ки аз эҳтимоли ҳамлаи ситезаҷӯён дарак медиҳад.
XS
SM
MD
LG