Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалоли Талабонӣ аз нав раисиҷумҳури Ироқ шуд


Порлумони Ироқ бо вуҷуди тарки толор кардани эътилофи сунниҳо ба нишони эътироз, раҳбари курд Ҷалоли Талабониро аз нав раисиҷумҳури кишвар интихоб кард ва дафъатан расми савганди ӯро баргузор намуд. Интихоби ӯ бахше аз созиши миёни вакилон буд, ки ба бунбасти ҳаштмоҳа дар ташкили ҳукумати нав хотима гузошт. Талабонӣ гуфт, вай аз сарвзаири феълӣ, Нурӣ Ал-Моликӣ дархост мекунад, ки ҳукумати навро таъсис диҳад. Барои ташкили ҳукумати нав 30 рӯз мӯҳлат таъин шудааст. Эътилофи суннӣ барои баррасӣ нашудани эъломияи пешниҳодии он дар мавриди қатъи барномаи поккории аъзои ҳизби президенти пешин Саддом Ҳусейн толорро тарк намуд.
XS
SM
MD
LG