Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи муштараки Клинтон ва Нетаняҳу ба эҳёи гуфтушунид


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, ва сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу ваъда доданд, ки ба эҳёи гуфтушуниди мустақими Исроил ва фаластиниҳо, ки ҳадафи ниҳоияш эҷоди давлати мустақили Фаластин аст, талош хоҳанд кард. Дар изҳороти онҳо, ки дар Ню Йорк мунташир гашт, гуфта мешавад, талабҳои амниятии Исроил дар ҳама гуна созишҳои минбаъда бо фаластиниҳо "ба таври комил" дар назар гирифта хоҳанд шуд. Нақшаи Исроил ба бунёди 1300 хонаи нав дар шарқи Байтулмуқаддас сабаби бунбаст дар гуфтушуниди мустақими Исроил ва фаластиниҳо шудааст, ки моҳи сентябр бо талошҳои Амрико оғоз ёфта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG