Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти нав ба журналисти маҳбуси озарбойҷонӣ


Додгоҳи олии Озарбойҷон дар робита ба ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бархе аз иттиҳомоти алайҳи журналист Айнулло Фатҳуллоевро бекор кард, вале мегӯяд, журналист дар маҳбас боқӣ хоҳад монд. Додгоҳи Озарбойҷон иттиҳоми Фатҳуллоевро ба нашри иттилои нодуруст, мусоидат ба терроризм ва ангезиши хушунати байниқавмӣ лағв намуд. Раиси додгоҳ, Ромиз Ризоев мегӯяд, бо вуҷуди ин Фатҳуллоев бо иттиҳоми напардохтани андоз дар маҳбас мемонад. Ба худи журналист ҳукмномае дода шудааст, ки ӯ ба қочоқи маводи мухаддир айбдор шуда, дуним соли дигарро дар зиндон ба сар хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG