Пайвандҳои дастрасӣ

Навори эҳтимолии "ҷангиёни Алии Бедакӣ"


Сомонаи интернетии Daily Motion як навори видеоиеро бо исми “Муҷоҳидони Тоҷикистон” ҷо дода иддао кардааст, ки ширкаткунандаҳои ин навор ҷангиёни марбут ба гурӯҳи Алии Бедакӣ ё Алоуддин Давлатов мебошанд. Дар оғози ин навор гуфта мешавад, ки гӯё дар он “ҷараёни аз кӯҳ гузар кардани яке аз гурӯҳҳои зертобеи амир Алии Бедакӣ ноябри соли 2010” сабт шудааст. Навори видеоие, ки 3:36 сония тӯл дорад, як гурӯҳ афроди номаълуми ришдор ва мусаллаҳро ба намоиш гузоштааст, ки ба забони тоҷикӣ бо ҳам сӯҳбат, гаҳ-гоҳе шӯхӣ мекунанду нақшаи “дар се рӯз ба маҳалле бо номи гӯри Қирғиз” расиданро мекашанд. Ин мардон, ки аксарашон миёнасол ё ҷавон ҳастанд, бо либоси варзишӣ ва ниманизомӣ сабт шудаанд. Дар навор, ки дурустии ҷой, мӯҳлат, мансубият ва дигар мушшаххасоти онро таъйид кардан имкон надорад, кӯҳҳои барфпӯш тасвир шудаанд. Ҳамчунин мушаххас нест, ки оё дар миёни онҳо кадоме фармондеҳ ва ё нафаре бо исми Давлатов мебошад. Алоуддин Давлатов ва ҳам Абдулло Раҳимов, фармондеҳони пешини нирӯҳои мухолифини Тоҷикистонро мақомот дар ташкили ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони артиши кишвар дар рӯзи 19 сентябр дар водии Камароб айбдор дониста баъдан амалиёти низомии зидди ҷангиёнро дар ин водӣ оғоз карданд.
XS
SM
MD
LG