Пайвандҳои дастрасӣ

Сингҳ: Тасмим дар мавриди Айнӣ салоҳияти Душанбест


Виҷай Кумар Сингҳ, фармондеҳи кулли артиши Ҳинд, ҳини нишасти матбуотӣ

Виҷай Кумар Сингҳ, фармондеҳи кулли артиши Ҳинд, ҳини нишасти матбуотӣ

Виҷай Кумар Сингҳ, фармондеҳи кулли артиши Ҳинд, баъди мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи истифодаи фурӯдгоҳи Айнӣ, ки бо сармояи Ҳинд навсозӣ шудааст, маълумоти возеҳ надод. Ӯ гуфт, масъалаи истифодаи фурӯдгоҳ дар салоҳияти Тоҷикистон аст.

Оқои Сингх гуфт, он ки ин фурӯдгоҳ аз сӯи мутахассисон ва бо маблағҳои Ҳиндустон навсозӣ шудааст, ба мавзӯи истифодаи он рабте надорад.

Ӯ мегӯяд: "Фурӯдгоҳи низомии Айнӣ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкориҳои низомии ду кишвар аз сӯи Ҳиндустон тармим ва навсозӣ шудааст. Мавзӯи истифода аз он ба салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мехоҳад онро бо кӣ ва чӣ тавр истифода кунад".

Аммо бо ин вуҷуд коршиносон ва таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки Ҳиндустон бидуни умедворӣ ва ниятҳое наметавонист ин фурӯдгоҳро аз соли 2002 ба ин сӯ бо маблағи бештар аз бист миллион доллар тармим ва навсозӣ кунад. Ва агарчи мақомоти ҳиндӣ аз ниятҳои истифодаи худ аз ин фурӯдгоҳ ошкоро сӯҳбат намекунанд, вале расонаҳои ин кишвар тӯли ин солҳо борҳо навиштаанд, ки қасди Ҳиндустон аз ин гуна ҳамкорӣ дар охири кор истифода аз ин фурӯдгоҳ аст.

Муддаиёни фурӯдгоҳи низомии Айнӣ

Бо ин ҳол на танҳо Ҳиндустон аст, ки муддаии истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба авзои Афғонистон, минтақа ва таҳдидҳои амаливу ошкорои терроризму экстремизм аз як сӯ ва аз сӯи дигар - рақобатҳои ошкорову пинҳони абарқудратҳои олам дар сиёсатҳои минтақа масъалаи истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ беш аз пеш доғтар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони тоҷик додани ҳаққи истифода ба Ҳиндустон аз ин фурӯдгоҳ дар як чунин шароити рақобат ва авҷ гирифтани таҳдидҳои терроризм ба амнияти минтақа ва Тоҷикистонро кори дуруст намеҳисобанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки додани ин фурӯдгоҳ ба ихтиёри Ҳиндустон Покистонро нороҳат хоҳад кард. Покистон ба унвони яке аз кишварҳое, ки дар қаламрави он таълимгоҳҳои террористӣ амал мекунад шинохта, мешавад ва аз сӯе ҳам Тоҷикистон то ба имрӯз бо ин падидаи номатлуб дасту панҷа нарм мекунад.

Русия - гузинаи беҳтарин?

Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд, дар шароити феълӣ агар ҳузури хориҷӣ дар ин фурӯдгоҳ фарз бошад, пас гузинаи беҳтарин Русия хоҳад буд, аммо бо шарту шуруте, ки манофеи милли Тоҷикистон муроот шавад.

Аммо Маъруф Ҳасанов, сардори идораи равобити байналмилалӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон, гуфт, ки ҳанӯз давлати Тоҷикистон бо ҳеҷ яке аз кишварҳои довталаб сари ин фурӯдгоҳ ба тавофуқ нарасидааст. Зеро ҳануз корҳои навсозии ин фурӯдгоҳ ба таври комил анҷом нашудааст.

Оқои Ҳасанов афзуд, ки муддаиёни истифода аз ин фурӯдгоҳ кам нестанд, вале давлат танҳо бо назардошти манофеи милли худ тасмим хоҳад гирифт.

Музокирот бо Маскав

Аммо дар сӯҳбати ахири матбуотии худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки дар мавриди истифода аз ин фурӯдгоҳ давлати Тоҷикистон танҳо бо Русия музокирот пеш мебарад. Гуфта мешавад, зоҳиран Тоҷикистон омода аст, ки ин фурӯдгоҳро ба ихтиёри русҳо бидиҳад, вале масъалаи ҳалношуда дар ин кор ҳаҷми пули истифодаи он будааст.

Фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар дар 25-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, вале баъдан бо сармоягузории Ҳиндустон бозсозӣ шудааст.

Бо ин ҳама Виҷай Кумар, фармондеҳи кулли артиши Ҳиндустон, сатҳи равобити низомии кишвараш бо Тоҷикистонро мусбат ва дар ҳоли рушд арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки Ҳиндустон омода аст дар мубориза бо терроризм ва бунёдгароӣ дар канори Тоҷикистон бошад.

Зимнан ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Ҳиндустон амалан аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Ҳиндустон дар доираи ин ҳамкориҳо ба Тоҷикистон ду чархболи низомии сохти русиро тақдим кардааст. Дар ҳоли ҳозир 35 нафар аз ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии ин кишвар таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG