Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти "Равшан" барои латукӯби сардовар


Ба ҳангоми рақобати ахири дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо тими “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони Пахтакори Қӯрғонтеппа дар даври охири рақобатҳои Ҷоми футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ баъди голи аввале, ки аз ҷониби “Вахш” зада шуд, бенизомиҳову задухӯрди бозигарони ҳарду даста шурӯъ шуд. Сардовар ба се бозигари дастаи меҳмону як бозигари дастаи мизбон корти сурх, яъне маҳрум шудан аз ҳақи идомаи бозиро нишон дод. Ва аммо баъд меҳмонон ба сардовар Рустам Абдуллоев дарафтона ӯро сахт лату кӯб карданд. Ӯро бо сару рӯи хунолуда бо ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол доданд. Ин ҳодисаи нохуш бозиро пеш аз мӯҳлат хотима дод. Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни фтуболи Тоҷикистон гуфт, ки баъди баррасии гузориши ин бозӣ аз назари ахлоқӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлоб муҷозот хоҳад шуд. Бенизомиҳову лату кӯби футболбозон ва ҳам доварон дар ҷараёни мусобиқаҳои дохилии футболи Тоҷикистон нав нест, вале яке аз масоили мавриди нигаронии футболбозон аст.
XS
SM
MD
LG