Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи панҷшанбеи худ Қонуни буҷа барои соли 2011 -ро қабул кард. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки қисми даромади буҷаи соли оянда 8,3 миллиард ва бахши хароҷоти он 8, 6 миллиард сомониро бо касри 300 миллион ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, ки Қонуни буҷаи давлатиро дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, барои бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ наздик ба 4 миллиард сомонӣ ихтисос дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст.

Вай гуфт: «Барои ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа 1,4 миллиард сомонӣ, бо афзоиши 317 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст».

Баҳси кумакпулиҳо ба ниёзмандон

Вазири молия гуфт, ки интизор меравад дар бахши пардохтҳои иҷтимоӣ ислоҳот ворид карда шавад. Ӯ афзуд, ҳоло 14 намуди пардохтҳо ба хонаводаҳои камбизоат, аз қабили пули барқу газ ва кумакпулӣ барои таҳсили фарзандон, вуҷуд дорад ва ин бахш ба мушкилоти зиёд рӯбарӯст. Шумори шаҳрвандони ниёзманд ба пардохтҳои иҷтимоӣ то 10 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Бино ба иттилои ҷаноби Наҷмиддинов, қарор аст, мушкилоти бахши пардохтҳои иҷтимоӣ дар ду ноҳия – Ёвон ва Истаравшан мавриди омӯзиш қарор бигирад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни баррасии буҷа бархе аз намояндагони мардумӣ ҳамчунин раиси порлумон ба масъалаи тақсиму дастрасии ин маблағҳо ба мардуми камбизоат, кӯмакпулӣ ба модарон ва таъмини ятимхонаҳо таъкид карданд. Ба ин далел, ки бахше аз модарони танҳо вуҷуди кӯмакпулии давлат ба онҳоро эҳсос намекунанд.

Барои мисол, Парӣ Раҳимова ва Садбарг Шерова, ду сокини Душанбе, ки ду ва чор фарзандӣ доранд, ба ин суол, ки оё аз сӯи давлат кӯмакпулӣ мегиранд, гуфтанд, «мо то ба ҳол ба ҷуз аз декретпулӣ (кӯмак барои таваллуди кӯдак) дигар ҳиҷ навъ кӯмаке дарёфт накардаем».

850 миллион барои Роғун

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар буҷаи соли 2011 850 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар ҳамин давра қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар ҷараёни тасвиби буҷа бархе аз намояндагони мардумӣ аз афзоиши қарзҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 30 дарсади ҳаҷми ММНД бештар шудааст ва ин мояи нигаронист.

Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух ин суол гуфт: «Қарзҳои мо имрӯз 32 фоиз аст, дар оянда мумкин ба 35 фоиз бирасад. Дар стратегияи рушди давлат то 40 фоиз иҷоза дода шудааст. Мо ин қарзҳоро барои сохтори зербиноҳо, энержӣ ва роҳҳо гирифтаем, ки дар оянда фоида медиҳанд. Ва агар фоизи қарз 2 фоиз бошад, мо аз ин ташкилотҳо 5 фоиз меситонем ва ин хавфи афзудани қарзро аз миён мебарад».

Бартарии буҷаи имсола

Вазири молияи Тоҷикистогн бартарии ин буҷаи соли ҷориро дар ҳаҷми он ном бурд, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 1 миллирду 700 миллион доллар аст. Ӯ гуфт, ки дар соли оянда аз фурӯши алюминиюм ва нахи пахта ҳудуди 50 миллион сомонӣ ба буҷа ворид хоҳад шуд. Ҷуз он дусад миллион сомонӣ, ки ширкати Талко андоз месупорад.

Ба гуфтаи вазир барзиёдии ҳаҷми буҷаи соли оянда аз соли ҷорӣ дар он аст, ки соли оянда аз супурдани андоз мабалғи зиёдтаре ба буҷа ворид хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG