Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи кори Гурӯҳи бистгона дар Сеул


Раҳбарони азимтарин иқтисодҳои ҷаҳон имрӯз дар Сеул дар чаҳорчӯби ташаббуси мавсум ба Гурӯҳи бистгона гирди ҳам омаданд. Ким Ён Киюн, як масъули ин нишаст гуфт, масоили зиёд, аз ҷумла муомилаи ҳукуматҳо бо пулҳои хориҷӣ, касри тиҷорат ва ҳимояи бозори дохилӣ аз масоили ҳалталаби ин нишаст ба шумор мераванд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо Чинро барои махсусан паст нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ба хотири арзонтар кардани қимати содироти мол айбдор карданд. Дар навбати худ, Чин ва дигар кишварҳо Амрикоро барои тасмими бонки марказиаш дар ҳафтаи гузашта танқид карданд, ки 600 миллиард доллари дигарро вориди иқтисоди Иёлоти Муттаҳида кардааст.
XS
SM
MD
LG