Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони абади Аскаров бетағйир монд


Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки додгоҳи вилоятии Ҷалолобод ҳукми зиндони абади як фаъоли ҳуқуқи ӯзбактаборҳоро, ки барои даст доштанаш дар хушунатҳои моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам шудааст, бетағйир гузошт. Азимҷон Аскаров ва ҳафт ӯзбаки дигар моҳи сентябри имсол аз ҷониби додгоҳи шаҳри ҷанубии Нукен дар ташкили даргириҳои қавмӣ ва даст доштан дар куштори як ходими полис дар деҳаи Бозор Коргон айбдор дониста шуданд. Аскарову чаҳор тани дигар ба ҳукми абади зиндон, ду нафар ба 20 сол ва як тан ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуданд. Даниил Кислов, сардабири сомонаи интернетии Fergana.ru ки аз мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳ назорат мекард, гуфт, Аскаровро додгоҳ бештар ба унвони журналист, вакили дифоъ ва фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар гузашта зидди ноадолатиҳои милисаву низоми додгустарии Қирғизистон мубориза бурдааст, барои абад равонаи зиндон кард:

“Ин қассосгирӣ аст, ин фармоишест барои қассосгирии ҳамон милисаҳо. Онҳо бо як тир ду нишонро мезананд: аз сӯе гӯё куштори вай ходими полисро ошкор мекунанд. Шояд ҳам дар миёни нафарони айбдоршуда қотилони воқеии он милиса ҳам буданд. Вале тавре гуфтам, аз сӯи дигар, онҳо як душмани худ, як вакили қурбониҳои худро нобуд мекунанд”.

Аскаров, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, худро бегуноҳ номида гуфтааст, ки дар додгоҳҳои болотар муборизаро барои озодшавиаш идома хоҳад дод. Даниил Кислов гуфт, аз намуди зоҳирии ҳам Аскаров ва ҳам дигар айбдоршудаҳо маълум буд, ки онҳо дар зиндон шиканҷаву азият мешаванд.
XS
SM
MD
LG