Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бетағйир мондани ҳукми абади фаъоли ҳуқуқи ӯзбакҳо


Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки додгоҳи вилоятии Ҷалолобод ҳукми зиндони абади як фаъоли ҳуқуқи ӯзбактаборҳоро, ки барои даст доштанаш дар хушунатҳои моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам шудааст, бетағйир гузошт. Азимҷон Аскаров ва ҳафт ӯзбаки дигар моҳи сентябри имсол аз ҷониби додгоҳи шаҳри ҷанубии Нукен дар ташкили даргириҳои қавмӣ ва даст доштан дар куштори як ходими полис дар деҳаи Бозор Коргон айбдор дониста шуданд. Аскарову чаҳор тани дигар ба ҳукми абади зиндон, ду нафар ба 20 сол ва як тан ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуданд. Аскаров, ки худ шаҳрванди Қирғизистон аст, худро бегуноҳ номида гуфтааст, ки муборизаро барои озодшавиаш идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG