Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариёни "Мовароуннаҳр" пароканда шуданд


Азия-Плюс мегӯяд, муштариёни эътирозгари ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” баъди он ки натавонистанд бо мақомоти шаҳрдории Душанбе мулоқот кунанд, пароканда шуданд. Субҳи имрӯз даҳҳо муштариёни ин ширкат бо талаби бозгардони маблағҳояшон хостанд бо намояндагони шаҳрдории Душанбе мулоқот кунанд. Рӯзи 9 ноябри соли ҷорӣ Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр» аз сӯи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Ҳарчанд ҳоло иттиҳомот алайҳи ӯ мушаххас нест, вале қаблан бархе аз масъулин аз эҳтимоли муфлис эълон шудани он хабар дода буданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин ширкат, ки умдатан бар асоси пешпардохти муштариён ва ҷалби қарзи бонкҳои кишвар хона месохт, дар сарф ва харҷи ин маблағҳо ба тақаллуб роҳ додааст.
Аз рӯи иттилои Азия-Плюс, ҳоло баррасии парвандаи «Мовароуннаҳр» аз ихтиёри додситонии шаҳри Душанбе ба салоҳияти додситонии кулл гузаштааст.
XS
SM
MD
LG