Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи панҷшанбеи худ Қонуни буҷа барои соли 2011 -ро қабул кард. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки қисми даромади буҷаи соли оянда 8, 3 миллард ва бахши хароҷоти он 8, 6 миллиард сомониро бо касри 300 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, ки Қонуни буҷаи давлатиро дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, барои бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ наздик ба 4 миллиард сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар буҷаи соли 2011 850 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар ҳамин давра қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни тасвиби буҷа бархе аз намояндагони мардумӣ аз афзоиши қарзҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Вале вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки қарзҳои хириҷӣ дар ҳоли ҳозир 32 дар сади ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва то 40 дарсад расидани он мояи нигаронӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи ӯ имкон дорад ин қарзҳо то соли 2012 аз 35 дарсад убур кунанд.

Тафсилот нашр мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG