Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Бритониё даъватномаи Маскавро пазируфт


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон имрӯз гуфт, ки даъватномаи президент Дмитрий Медведевро оид ба сафар ба Русия дар соли оянда пазируфтааст. Ин даъват баъди солҳои зиёди таниши сиёсӣ миёни Лондону Маскав карда мешавад. Ҳарду раҳбар гуфтаанд, ки хостори тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишварҳояшон ҳастанд. Равобити ду давлатро чандин масъала, аз ҷумла заҳролудсозии ҷосуси собиқи рус Александр Литвиненко дар соли 2006 халалдор кард. Бритониё баъди ин аз Русия хост, ки Андрей Луговой, ҷосус ва муттаҳами куштори Литвиненкоро истирордод кунад, аммо посухи рад гирифт.
XS
SM
MD
LG