Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони парлумони Ироқ наздик ба анҷомёбист


Тибқи гузоришҳо, баъди ҳашт моҳи бӯҳрон сиёсатмадорони ироқӣ ба як созише дар заминаи ташкили ҳукумати эътилофӣ наздик шудаанд ва эҳтимолан Нурӣ Ал-Моликӣ ба мӯҳлати навбатии чаҳормоҳа раҳбарии ҳукуматро ба ӯҳда хоҳад гирифт. Назар ба баъзе изҳороти вакилони парлумон ҳоло эътилофи Ироқияи пуштибон аз сунниҳо, ки интихоботи моҳи мартро бурдааст, барои узвият дар ҳукумати нав ва пазириши Моликӣ чун раҳбари он тақрибан ризоият додааст. Тибқи гузоришҳо, бар тибқи тавофуқи ҳосилшуда ҳоло номзади ин эътилоф бояд ба вазифаи раиси парлумон баргузида шавад. Дар сурати таъйиди ин ҳама хабарҳо, Ироқия, ба раҳбарии Иёд Алавӣ ба эътилофи курдҳо пайваста барои музокира бо ҳукумат иқдом мекунад. Баъди раъйдиҳии 7 март қарор аст имрӯз аввалин бор 325 аъзои парлумони нави Ироқ ҷаласа барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG