Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама аз Кореяи Шимолӣ


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз аз Кореяи Шимолӣ даъват кард, ки пеш аз шурӯи музокираҳои шашҷонибаи халъи силоҳи ҳастаии ин кишвар дар СММ ҷиддияти ниятҳои худро ба намоиш гузорад. Обама гуфт:

“Талошҳои Кореяи Шимолӣ дар заминаи силоҳи ҳастаӣ танҳо ба инзивои бештари ин кишвар ва кам шудани амният сабаб мешавад. Барои Кореяи Шимолӣ як роҳи дигар ҳам вуҷуд дорад. Агар онҳо ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунанд, шонсе ба даст меоранд, ки ба мардуми худ бар ивази фақру нодорӣ имкониятҳои рушди зиндагиашонро фароҳам оваранд”.

Обама бо чунин суханҳо дар нишасти муштараки матбуотӣ бо раҳбари Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мюнг Бак дар Сеул дар остонаи нишасти кишварҳои Гурӯҳи бистгона изҳорот дод. Кишвари коммунистии Кореяи Шимолӣ ҳанӯз апрели соли гузашта аз музокираи шашгона хориҷ шуда моҳи майи имсол як озмоиши дуюми ҳастаии худро баргузор кард.
XS
SM
MD
LG