Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон даргузашт


Абдулатиф Ахмедов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон шоми рӯзи 10 -уми ноябр дар шаҳри Душанбе ба сурати ногаҳонӣ даргузашт.

Масъулини сафорати Қазоқистон дар Душанбе гуфтаанд, ки иллати марги сафир сактаи қалбӣ будааст.

Имрӯз, панҷшанбе аз соати 14 то 17 ва фардо ҷумъа аз соати 10 то 17 барои касоне, ки мехоҳанд изҳори андӯҳи худро дар дафтари ҳамдардӣ ба Абдулатиф Ахмедов сабт кунад, дарҳои сафорати Қазоқистон боз хоҳанд буд.

Ҷанозаи Абдулатиф Ахмедов рӯзи 13 ноябр аз Душанбе ба Алмаато интиқол мешавад.


Абдулатиф Ахмедов аз соли 2008 то кунун сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG