Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди иттилоот ва бехабарии мардум аз таҳаввулоти кишвар


Чунин ба назар мерасад, ки барои аксари сокинони ноҳияи Панҷ, телевизион ва овозаҳои мардумӣ ягона сарчашмаи иттилоъ боқӣ мондаанд. Агар як иллати камогоҳоии сокинон аз таҳаввулоти кишвар ва минтақа адами дастрасӣ ва гаронии нашрияҳо бошад, сабаби дигар камбуди барқ, кори саҳро ва набуди кафеҳои интернетӣ хонда мешавад.

Тоҳирхӯҷа Баҳодуров, сокини ноҳияи Панҷ
Соҷида Юлдошеваи 35-сола, корманди тиб дар ноҳияи Панҷ мегӯяд, дар ду моҳи ахир аслан барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизиониро ҳам тамошо накардааст, куҷо то рӯзномаю маҷаллахонӣ:

«Як-ду моҳ шуд, ки нотоб дар хона хоб будам. Нахондам нашрияҳоро, бехабарам аз воқеаҳои кишвар, фақат ҳар боре телевизор медидем. Радио ҳам надорем, барои хариданаш бояд пул сарф кард. Газетаро охирон бор вақте, ки шавҳарам аз ҷои кораш, аз мактаби миёна овард, хондам. Нашрияи кӯдакона буд, шеъру ҳикояҳои бачагона дошт, ки бо фарзандон мутолиа кардем…»

Фишори кори рӯзгор мардумро аз мутолиа боздоштааст

Дар ҳоле, ки хонум Юлдошева ҳадди ақалл нашрияҳои кӯдаконаи фарзандонашро гаҳ-гоҳе мутолиа мекунад, сокини дигари ноҳияи Панҷ Тоҳирхӯҷа Баҳодурови 63-сола мегӯяд, фишори кору рӯзгор имкон намедиҳад, ки вай ва аҳли хонаводааш нашрияҳои давриро мутолиа кунанд ва ҳамарӯза дар ҷараёни муҳимтарин таҳаввулоти Тоҷикистону ҷаҳон бошанд:

«Ҳозир хона карда истодем, заҳбур меканем, боми хонаҳо нотайёр, вақте ҳам намеёбем, ки телевизор тамошо кунем, китобу рӯзнома хонем…

- Охирин хабаре, ки дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон шунидед, метавонед ёдрас шавед, ки чӣ буд?

- Ҳамин фирори 25 зиндонӣ аз маҳбаси шаҳри Душанбе. Ҳамин хабарро шунидем. Рӯзномаҳои давриро хеле шуд, нахондаем, рости гап. Чанд рӯз пеш болои хонамона вақти таъмир кандем, аз он ҷо як рӯзномаи соли 1974-ро пайдо кардам, ки акси калони Брежнев, котиби генералии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ чоп шуда буд. Сурати фасон буд, ба худ гуфтам, ки давраи онҳо хуб буд, зиндагонии халқ таъмин буд, ин мардак хуб кор карда буд. Пеш почталёнҳо ҳар рӯз рӯзнома меоварданд ба хонаҳоямон. Аммо ҳоло, ки кори саҳро зиёд аст, ҳама бояд барои худаш зиндагӣ кунад, дигар на ба рӯзномахонӣ мерасем, на ба кори дигар, обуна ҳам нашудем, дигар чӣ лозим ин газетаҳо, уқа аҳамият ҳам намедиҳем…»

Дар ҳоле, ки аҳолии нисбатан солманди ноҳияи марзии Панҷ аз дастнорасии нашрияҳои даврӣ шикоят мекунанд, ҷавонон мегӯянд, фақат шомгоҳон, баъд аз кори саҳро, барномаҳои шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд ва он ҳам агар нерӯи барқ дар хонаҳояшон бошад.

Мардум бештар телевизион мебинанд

Шарофат Шарифова, кишоварз
Шарофат Шарифоваи 28-сола, кишоварзе аз ноҳияи Панҷ мегӯяд, баъд аз соатҳои машаққати зиёд дар майдони пахта, вай бештар намоишҳои тафреҳии телевизионро тамошо мекунад:

«Барномаҳои фароғатӣ, консертҳо ва як барномае ҳаст, ки артистҳоро даъват мекунанд, сӯҳбат мекунанд, ҳамонҳоро тамошо мекунем. Кино ҳам мебинем баъзан вақт. Рӯзномаҳоро дастрас карда наметавонем. Радио гӯш мекунем бештар, чунки вақти зиёди мо дар сари замин мегузарад, радио гӯш кардан муносиб аст, қиссаҳои рӯзгор, мусиқӣ мешунавем…»

Вале иддае дигар аз ҷавонони маҳаллӣ, онҳое, ки таҳсилдидаву дар ниҳодҳои расмии маҳаллӣ кор мекунанд, аз камбуди интернет-кафеҳо дар ноҳияи Панҷ шикоят доранд.

Камбуди интернет-кафеҳо дар Панҷ

Дилшод Аҳтамов, як сокини маҳаллӣ, ки хатмкардаи донишгоҳе дар шаҳри Душанбе ва дар гузашта муҳоҷири корӣ дар Русия будааст, мегӯяд, интернет, ки як василаи хуби иттилоърасонӣ мебошад, дар ноҳияи Панҷ чандон рушд накардааст ва дар ин ноҳияи марзӣ шумораи андаки ҷавонон ба он дастрасӣ доранд:

«Дар ноҳияи Панҷ фақат дар як ҷо интернет-кафе ҳаст. Ва он ҳам агар барқ бошад ва компютерҳо холӣ бошанд, метавонӣ рафта истифода барӣ. Аммо барқ, ки набошад, 3-4 компютерро бо дизел рӯшан мекунанд ва кӯдакон фақат бозиҳои компютерӣ мекунад. Аммо ташвиқ намекунанд кӯдаконро, ки ба ҷои бозиҳо интернетро кушоянд, истифода кунанд, бо рӯйдодҳои ҷаҳон шинос шаванд. Аммо бачаҳое, ки ба муҳоҷират рафтаанд, аллакай сарфаҳм мераванд, ки интернет чист ва тавассути телефонҳо аз он истифода мекунанд. Худи ман ҳам бо хабарҳои варзишӣ аз интернети телефонӣ мобилам шинос мешавам…»

Ҷаноби Аҳтамов меафзояд, ҳоло бештар нашрияҳое ба дасти сокинони ноҳияи Панҷ мерасанд, ки ба он обуна шудаанд. Ғолибан, ин нашрияҳои ҳукуматӣ ё рӯ ба ҳукумат буда, муштариёнаш ҳам асосан кормандони мақомоти давлатии ноҳия мебошанд.

Овозаҳои мардумӣ ба ҷои иттилооти дақиқ

Маҳмадлоиқ Сабуров
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадлоиқ Сабуров, корманди идораи хизмати коммуналии ноҳияи Панҷ, мегӯяд, аслан сокинони маҳаллӣ, ки фарсахҳо дур аз шаҳрҳои калон ба сар мебаранд, бештар моиланд ба овозаҳои мардумӣ бовар кунанд, аммо талоше барои бадастории иттилои дақиқ аз матбуоти даврӣ ба харҷ намедиҳанд:

«Мардум бештар аз пушти ҳамин овозаҳо мераванд. Аммо телевизору радио гӯш намекунанд, то ки ҳақиқатро фаҳманд, рӯзнома ҳам намехонанд. Аз бехабарию ноогоҳӣ мардум ҳамин воқеаҳои Раштро ҳамин қадар овозаҳо карданд, ки ҳама ба воҳима афтод. Аммо телевизион хабари аниқ дод. Одамон рӯзномаҳо нархи гарон доранд гуфта, онро намехаранд ё харида наметавонанд…»

Дар ноҳияи Панҷ танҳо як дӯкони рӯзномаю маҷаллафурӯшӣ мавҷуд буда, ба гуфтаи соҳиби он, ҳафтае аз 150 то 200 нусха аз нашрияҳои ғайриҳукуматии чопи Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад.

Мақомот аз вазъ изҳори қаноатмандӣ мекунанд

Мирзо Шарифов, корманди ин дӯкони рӯзномафурӯшӣ, мегӯяд, фурӯши нашрияҳои мустақил ба хотири таъмини дастрасии аҳолӣ ба манобеъи алтернативии ахбор роҳандозӣ шудааст:

«Дар як ҳафта то 200 нусха газета меорем барои фурӯш аз Душанбе. Одамон ҳар хел рӯзнома мехонанд, «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Минбари халқ»-ро мехонанд. Бештар газетаҳоеро, ки қиссаҳо доранд, фармоиш медиҳанд. Лекин худам вақти хондан намеёбам. Ин ҷо савдо мекунем, фикрам бояд фақат дар ҳамин тиҷорат бошад. Агар савдо нашавад, кроссворд пур мекунам аз ҳамин газетаҳо…»

Мирзодавлат Сабуров, раиси ноҳияи Панҷ
Ва аммо Мирзодавлат Сабуров, раиси ноҳияи Панҷ, мегӯяд, масъалаи амнияти иттилоотӣ ва огаҳии мардуми маҳаллӣ аз рӯйдодҳои кишвар хуб буда, ҳукумати маҳаллӣ барои дастрас кардани матбуоти даврӣ ба аҳолӣ аз тадобири кофӣ кор мегирад:

«Мо ба ҳама нашрияҳои ҳукуматӣ ва ҳизбӣ одамонро обуна мекунем. Масъалаи дастрас кардани газетаю журналҳо дар ноҳияи мо бисёр хуб ба роҳ монда шудааст, намояндаи идораи почта дар ҳар як ҷамоат ҳаст. Газетаҳоро ҳар ҳафта баъди маҷлиси раёсати ҷамоат, вобаста ба нишониашон ба ҳар як хоҷагии деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо тақсим карда мешавад то, ки ба дасти обуначиён расонанд ва мардум саривақт бо воқеаҳои дохили кишвар ва хориҷи он шинос шаванд…»

Бо рӯйдоду навгониҳои дохили ноҳияи Панҷ, ки аз навоҳии дурдасти кишвар маҳсуб мешавад, сокинони маҳаллӣ танҳо тавассути нашрияи ноҳиявии «Ҳаёти нав», ки моҳе се дафъа дар ҳаҷми 4 саҳифа ба чоп мерасад, метавонанд хабардор шаванд. Аммо теъдоди нашри ин рӯзнома ҳам танҳо 1000 нусха буда, он асосан ба дасти кормандони мақомоти давлатии ноҳия мерасад.

Ба сурати умум, бахши қобили мулоҳизаи сокинони маҳаллӣ аз сарчашмаҳои иттилоъ маҳрум боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG