Пайвандҳои дастрасӣ

Инқирози илму афзоиши таассуб, ваъдахилофии ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ва баҳси қонун дар бораи носу сигоркашӣ дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта дар порлумони кишвар ба тасвиб расид, аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби ин ҳафтаи матбуоти чопи Душанбе будаааст.

Азия-плюс” дар сармақолаи худ мушкили камбуди барқ дар навоҳии кишварро ба баҳс кашида, навиштааст, ки мардуми баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон на он гунае, ки мақомот барояшон 12 соат интиқоли нерӯи барқро ваъда додаанд, балки ҳамагӣ 8 соат барқ мегиранду халос. Ин ҳафтанома менависад, дар чанд рӯзи охир хонандагонаш дар бораи мушкили интиқоли нерӯи барқ ба манзилашон шикоят кардаанд, ки аксарияти онҳо сокинони ноҳияи Ҳисор будаанд.

Хабарнигорони “Азия-плюс” барои воқиф шудан аз асли воқеа ба ноҳияи Ҳисор рафтаанд ва дар сӯҳбат ба онҳо сокинон гуфтаанд, бештар ба он қисматҳои ноҳия барқ дода мешавад, ки дар он ҷо мақомдорони давлат зиндагӣ мекунанд. Намояндаи “Азия-плюс” дар шимоли Тоҷикистон ҳам гуфтааст, вазъ дар ин қисмати кишвар чандон сутуданӣ нест. Дар навоҳии шимоли Тоҷикистон ҳам, ба навиштаи нашрия, мардум на бештар аз 8 соат дар шабонарӯз барқ мегиранд.

Озодагон” якбора дар ду мақолаааш изҳори нигаронӣ кардааст, ки илму олим дар бист соли гузаштаи таърихи Тоҷикистон ҷойгоҳи сазовор надоштаанд. Азизи Нақибзод, муаллифи мақолаи “Инқирози илм” навиштааст, “агарчӣ гуфта мешавад, соҳаҳои илму маориф дар Тоҷикистон зери ҳимояти давлат қарор доранд, аммо воқеият он аст, ки ин ду соҳа рӯ ба таназзул овардаанд.”

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Мӯсо Диноршоев, ду академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, низ дар сӯҳбаташон ба “Озодагон”, ранги заъфаронии илму олим дар Тоҷикистонро ба камбуди маблағ рабт додаанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтааст, “сабаби рушд накардани академияи илмҳо дар поин будани моҳонаи кормандони академия мебошад.”

“Истиқлол” мақолаеро бо имзои ҷомеашинос Эҳсони Шариф чоп кардааст, ки дар он гуфта мешавад, таассуби динӣ ва ифротгароӣ боиси фирори рӯшанфикрони тоҷик аз кишвар ба хориҷ шудааст. “Истиқолол” бо ёдоварӣ аз феҳристи тӯлонии рӯшанфикрони тоҷик дар хориҷа, гуфтааст, “онҳо коҳиши шуури зеҳнӣ ва тафаккури умумии ҷомеаи миллӣ ва рӯ овардани онро ба таасуби динӣ дида, ба кишварҳое паноҳ бурдаанд, ки илму эҷод, фарҳангу ҳунар болотар аз арзишҳои дигаранд.”

Эҳсони Шариф дар идомаи мақолааш гуфтааст, “имрӯз муаллиме, ки соҳиби маълумоти олӣ мебошад, даст пеши бар хомӯшона мавъизаи сафсаттаомези муллоеро, ки аз чанд ояти Қуръон бештар ҳарфе дар мағзаш нест, гӯш мекунаду хомӯш аст.”

Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз натиҷаи як назарпурсии ин ҳафтанома дар робита ба мушкили пешомада барои се нашрияи мустақили кишвар – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” хабар додааст. Ин нашрия менависад, 80 дарсади пурсидашудагон дур будани худро аз матбуот иқрор кардаанд. 15 дарсади назардиҳандагон мутмаин будаанд, ки фишор болои матбуоти мустақил зиёд аст. Тақрибан чор дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ошкоргӯии матбуот ба баъзе аз мақомдорон писанд наомад ва онҳо дар баробари фаъолияти баъзе аз ин нашрияҳо маҳдудият эҷод кардаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ҳафтаномаи “Наҷот” навиштааст, ки бояд бархӯрд ва муносибати ҳукумат бо васоити ахбори оммаи мустақил тағйир кунад. “Ҳукумат онҳоро ҳамчун фарзанди худӣ қабул кунад”,-навиштааст оқои Ҳайит.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар саҳифаи аввали худ акси Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро, ки аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт шуд, чоп кардааст. Ҳарчанд боздошти раиси ширкати “Мовароуннаҳр” мавриди баррасии ҳафтанома қарор нагирифтааст, вале “Тоҷикистон” ин масъаларо дар миён гузоштааст, ки аз ин пас сарнавишти маблағҳое, ки сокинон ҳамчун пешпардохт ба ин ширкат додаанд, чӣ хоҳад шуд. Ин нашрия гуфтааст, шояд молу мулки Ҷӯрабек Охунов ҳам мусодира ва роҳбари он мисли Ҷамшед Сиёев, раиси шикрати “Ҷамол-компанӣ” ба чанд сол равонаи зиндон гардаду ҳамчунон сарнавишти маблағи мардум норӯшан боқӣ монад.

“Миллат” бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба раиси Кумисюни марказии интихоботи кишвараш фишор овардааст, то номи се нафар аз феҳристи барандагони интихоботи порлумонӣ хориҷ карда шавад. Ҳафтанома менависад, ин се нафар - Абдулатифи Пидром, Муҳиддини Меҳдӣ ва Аҳмади Беҳзод, аз пешвоёни ҳаракати миллии тоҷикони Афғонистон будаанд.

Дар баробари ин ҳама масоил, баҳси манъи носу сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъитяӣ ҳам ба саҳифаҳои матбуот роҳ ёфтааст. Ҳафтаномаи “Наҷот” аз чунин тасмими вакилони порлумон истиқбол карда, зарарҳои носу сигор ба сиҳатии ҷомеа ва ҳам ба кисаи сокинонро баршумурдааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG