Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидани нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба иқтидори пуррааш


Тавлиди барқ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1", ки бо иштироки Русия дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон сохта шудааст, сар аз 10-уми ноябр ба дараҷаи иқтидори пурраи он расидааст. Сухангӯи идораи нерӯгоҳ, Виктория Наумова гуфтааст, истифодаи иқтидори комили нерӯгоҳ замоне имконпазир гашт, ки обанбори нерӯгоҳ ба андозаи зарурӣ аз об пур шуд. Ба гуфтаи вай ҳоло дар обанбор наздик ба 260 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст. Саҳми нерӯгоҳ дар тавлиди барқ дар тамоми кишвар ба 15 дарсад расидааст ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин имкон медиҳад, ки имсол маҳдудияти интиқоли барқ дар деҳот аз 12 соат бештар нахоҳад шуд. Русия ахиран гуфтааст, дар Тоҷикистон боз як нерӯгоҳи дигар хоҳад сохт.
XS
SM
MD
LG