Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Эрон дар интихоботи шӯрои нави СММ


Эрон дар интихобот ба шӯрои иҷроияи бунгоҳи нави Созмони Милал дар дифоъ аз ҳуқуқи зан шикаст хӯрд. Номзадии Эрон ба ин шӯрои 41-нафарии байнулмилалӣ бо назардошти собиқаи Эрон дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш эътирозҳои шадиди ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва қудратҳои ғарбиро ба миён овард. Дар ҳоле ки Эрон шикаст хӯрд ин курсӣ дар шӯрои Созмони Милал насиби Арабистони Саудӣ гашт, ки номзадии он ҳам зери интиқод буд. Пеш аз райъдиҳӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел, Ширини Ибодӣ гуфт, узвияти ҳарду чи Эрон ва чи Саудия дар чунин шӯро мазҳака хоҳад буд. Вай афзуд, собиқаи Арабистони Саудӣ дар нақзи ҳаққи зан аз Эрон ҳам бадтар аст.
XS
SM
MD
LG