Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Аҳмадинажод ба гуфтушунидҳои ҳастаӣ


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, кишвари ӯ дар гуфтушунидҳои оянда бо қудратҳои ғарбӣ барномаи ҳастаии хешро баррасӣ нахоҳад кард. Дар як паёми телевизионӣ Аҳмадинажод гуфт, Эрон мехоҳад, ҳамкориҳо барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳониро баҳс кунад. Аммо, гуфт ӯ, Эрон ба идомаи фаъолиятҳои ҳастаии худ ҳақ дорад ва ин ҳақро мавриди гуфтушунид қарор намедиҳад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки тарафҳо бо таъини замон ва макони баргузории музокироти Эрон бо Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Британия, Фаронса ва Олмон сари барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон машғули баҳсанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG