Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихобот дар Афғонистон


Садҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон дар чанд шаҳри ин кишвар бо талаби бозшумориши раъйҳои интихоботи порлумонӣ раҳпаймоӣ карданд. Ширкаткунандагони тазоҳурот дар Кобул, Ҷалолобод ва Хост талаб доранд, ки шумориши раъйҳо зери назорати кумитаи байнулмилалӣ ҷараён гирад. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҳанӯз расман эълон нашудаанд ва Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистон мегӯяд, ба баррасии шикоятҳо машғул буда, танҳо баъд аз таҳқиқи ҳамаи шикоятҳо натиҷаҳоро эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG