Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи 6 узбактабори Уш бо иттиҳоми таҷовуз ва қатл


Додгоҳи шаҳри Уш шаш узбактабори ин минтақаро муҳокима мекунад, ки дар таҷовуз ба номус ва куштор айбдор мешаванд. Онҳо ба қатли як зани қирғиз, писари 10-солаи ӯ ва таҷовуз ба номуси духтари 15-солаи ин оила дар рӯзҳои хушунати байниқавмӣ дар Уш дар моҳи июни соли равон айбдор мешаванд. Додситони шаҳри Уш, Холмамад Бектошев ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз айбдоршавандагон зан мебошад. Дар хушунатҳои байниқавмии мояи июн дар ҷануби Қирғизистон наздик ба 400 нафар кушта ва садҳо тан маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG