Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон бо номи «Гиреҳ дар гулӯ» филми наве ба намоиш даромад, ки ба мавзӯъи қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ ихтисос ёфтааст. “Гиреҳ дар гулӯ” маҳсули қалами генерали ҳирфаӣ Саиданвар Камолов аст, ки собиқаи кораш дар ниҳодҳои амниятӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ибтидо гирифта, дар солҳои 90 вазири амният ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд.

Вале, ба фарқ аз ҳамкасбонаш, ки дар пайи бознишастагӣ одатан ба даҳон об мегиранд, генерал Камолов хеле фаъолона ба гуфтану навиштани хотироти солҳои кораш дар ниҳодҳои амниятӣ пардохтааст.

Генерал Саиданвар Камолов мегӯяд, марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон худ майдонҳои ҳодисасозанд ва дар бораи ин манотиқ метавон садҳо филми диданӣ бардошт. Дар сӯҳбат бо генерал Саиданвар Камолов ибтидо аз чи гуна пайдо шудани идеяи филми «Гиреҳ дар гулӯ» суол кардем.

Саиданвар Камолов гуфт: «Идеяи сохтани ин филм якуним сол пеш пайдо шуд. Нахуст бо якчанд мутахассис дар ин робита сӯҳбат кардам, онҳо гуфтанд, ки барои сохтани филм маблағҳои зиёд лозим мешавад, ҳатто 300 то 400 ҳазор доллар. Ба ҳар ҳол фикр кардам, ки ҳарчи набошад, як талош кунем. Ва аз як қатор шахсиятҳои ватандӯст даъват кардам, ки дар ин кор ба ман кумак намоянд, ақаллан барои пардохти ҳаққи заҳмати ҳунармандон. Навиштани сенарий ва масорифи нақлиёту дигарро худ бар уҳда гирифтам. Худоро шукр, ки дар Тоҷикистон ҷавонмардони ватандӯст зиёд будаанд ва онҳо ба ман кумак карданд ва мо филмро ба навор гирифтем. Моҳи ноябри соли гузашта ба кор шурӯъ кардем. Наворҳо асосан дар ноҳияҳои Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Ҳисор, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар вилояти Қундузи Афғонистону минтақаи Вазиристони Покистон бардошта шудаанд. Ин филм ғояҳои ватандӯстӣ дорад, бахусу барои ҷавонон».



-Ин филм то куҷо мустанад буд ва ё маҳсули тахайюл, дар ҳоле ки шумо мегӯед, ки он фарогири фаъолияти кории шумо дар бахши амният аст?

- Таҷрибаи муборизаи мо бо қочоқи маводди мухаддир, марзшиканӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин филм матраҳ шудааст.

-Таърихи солҳои 90-ум саҳифаҳои фаромушношуданӣ дорад ва мавзӯъҳои дастнохурда зиёданд. Оё шумо ният доред, ки чунин мавзӯъҳои дастнохурдаро ба саҳми тамошобинон расонед?

-Соли 2009-ум дар китоби «Сангар», ки бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст, ман таърихи ин давра аз соли 1985 сар карда ҳамаро таҳлил кардаам. Азҷумла ҳодисаҳои феврали соли 90 ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаро мо матраҳ кардем. Ба ғайр аз ин ду очерки публитсистӣ дар бораи Ҷумъаи Намангонӣ ва гаравгонгирии Зуҳуров навиштам.

-Шумо гуфтед, ки филми шумо бештар фарогири вазъи амниятии Тоҷикистон аст, ки мавзӯи хеле ҳассос аст. Вале бубинед, дар Тоҷикистон шумори филмҳои нав зиёд мешавад, вале ҳамаи онҳо иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Ва дар ин филмҳо низ мушкили камбуди ҳунармандони ҳирфаӣ эҳсос мешавад. Оё ҳини таҳияи филми шумо дар интихоби ҳунармандон душворӣ пеш наомад?

-Мо ҳаракат мекунем, ки филмҳо бо маблағи кам ва бе декаратсия дар худи сарҳад наворбардорӣ шаванд, зеро барои ҳамаи ин маблағи калон лозим мешавад. Дар филме, ки мо ба навор гирифтем, як идда аз кормандони амнияту милиса ва собиқ афсарон нақшҳоро бозиданд. Агар маблағ бисёр мебуд, мо метавонистем, ки ҳунармандони касбиро ҷалб кунем ва филм шавқовартар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG