Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори кормандони пулис дар Афғонистон


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, як сарбоз, ки бо Толибон иртибот доштааст, ба онҳо дар ҳамлае кӯмак кардаст ва дар ин ҳамла, дастикам 7 корманди пулис кушта шудаанд. Ҳоҷӣ Худоӣ Раҳим-волии Урузгон гуфтааст, ин сарбоз Толибонро дар ҳамла ба посгоҳ раҳнамоӣ ва бо онҳо як ҷо фирор кардааст. Дар вилояти Қундуз низ 4 корманди пулис дар ҳоли ҳаракати мошин аз камин мавриди ҳамла қарор грифтаанд ва кушта шудаанд. Онҳо дар имтидоди марз бо Тоҷикистон аз роҳи Имом Соҳиб мегузаштаанд.
XS
SM
MD
LG