Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин ҷасади гурӯҳи "Алфа" дар Сурхоб пайдо шуд


Хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст, ки гурӯҳи ҷустуҷӯи Кумитаи умури изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҷасади охирин корманди Кумитаи амнияти Тоҷикистонро пайдо кардааст. Ин корманд узви гурӯҳи "Алфа"-и кумитаи мазкур буд. Баъд аз суқути чархбол ба оби рӯдхонаи Сурхоб ҷасади 5 корманди "Алфа"нопадид шуда буд ва акнун бо пайдо кардани охирин ҷасад амалиёти ҷустуҷӯ ба поён мерасад. Ин чархбол 6-ӯми октябр суқут карда буд.
XS
SM
MD
LG