Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз шуд


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, имрӯз дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар он ҳайате аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳунармандон аз дастаҳои рақсии "Лола" ва "Гулрез" ширкат мекунанд. Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Рустам Дулоев, Озодмоҳ Мӯҳтарамова, Файзалӣ Ҳасанов ва ҳунармандони дигари ҷавон дар ин рӯзҳои фарҳангӣ Тоҷикистонро муаррефӣ мекунанд. Рӯзҳои фарҳангӣ то 14-ӯми ноябр идома меёбад ва дар он намоишномаи "Кабк дар Қафас"-и Темур Зулфиқоров дар таҳияи коргардон Баҳодур Миралибеков ба намоиш медарояд.
XS
SM
MD
LG