Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева аз намояндагон хост зудтар ҳукумат ташкил диҳанд


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз намояндагони порламони тозаинтихоби кишвараш хост, ки зудтар ҳукумат ташкил диҳанд. 10-ӯми октябр Қирғизистон бори аввал дар Осиёи Марказӣ интихоботи демократӣ баргузор кард. 5 ҳизби сиёсӣ ба порламон роҳ ёфтаанд. Вале ҳеҷ як аз онҳо аксариятро ба даст наовард, то ҳукуматро ташкил диҳад. Имрӯз Роза Отунбоева дар иҷлоси порламон суханронӣ ва аз намояндагони порламон хост, "ғурури сиёсӣ ва шахсӣ"-и худро канор гузошта, то 27-ӯми ноябр ҳукумати нав ташкил диҳанд. Ҳамзамон, бештар аз 100 нафар дар назди бинои порламон бар зидди ҳизби Ата-Ҷурт тазоҳурот карданд, ҳизбе, ки милларгарост ва бо Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳизб дар миёни 4 ҳизби дигари порламонӣ бештар аз ҳама, 28 курсиро ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG