Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ порламони Ироқ ташкили ҳукуматро баррасӣ мекунад


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ мегӯяд, порламони кишвараш рӯзи панҷшанбе гирдиҳам меояд, то масъалаи ташкили ҳукуматро баррасӣ кунад. Ироқ аз моҳи марти соли ҷорӣ, яъне аз замони баргузории интихоботи порламонӣ ҳукумат ташкил накардааст, зеро дар ин интихобот ҳеҷ як аз ҳизбҳо натавонистааст, дар порламон асариятро ба даст орад. Рӯзи сешанбе як шабакаи телевизионӣ, ки соҳиби он ҳизби "Дава"-и Моликӣ мебошад, гуфт, дар як силсилла мулоқотҳо ҳизбҳои сисёсӣ ба тавофуқ расидаанд, ки Нурӣ ал Молкӣ як давраи дигар мақоми нахуствазириро ӯҳдадор шавад. Вале дар хабарҳо гуфта нашудааст, ки мақоми расёсати ҷумҳурӣ ва раёсати порламонро чӣ касоне бар ӯҳда хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG