Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин иҷлоси порламони нави Қирғизистон баргузор шуд


Порламони нави Қирғизистон дар Бишкек баъд аз чанд ҳафтаи мубоҳисоти ҳизбҳои сиёсии роҳёфта ба порламон имрӯз нахустин иҷлосияи худро баргузор мекунад. 10 октябр интихоботи порламонӣ баргузор шуда буд ва 5 ҳизби сиёсӣ ба порламон роҳ ёфтанд. Вале ҳеҷ як аз онҳо аксариятро ба даст наоварданд, то ҳукуматро ташкил диҳанд. Ҳизби миллатгарои "Ата-Ҷурт", ки бо Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда қаробат дорад, аксарияти курсиҳо дар порламонро ба даст овардааст. Хабаргузориҳо менависанд, аз 120 намояндаи интихобшуда танҳо 92 нафар дар иҷлоси нахустин ширкат доштаанд. Масалан, аз 28 намояндаи ҳизби "Ата-Ҷурт" танҳо 7 нафар дар иҷлос ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG