Пайвандҳои дастрасӣ

Камерон боздиди дурӯза худро аз Чин ба поён мебарад


Дэвид Камерон-нахуствазири Британия боздиди дурӯзаи худро аз Пекин бо суханроние ба поён мерасонад. Вай дар ин суханронӣ аз Чин хоҳад хост, ки фазоро барои озодиҳои сиёсӣ бештар боз кунад. Бино ба гуфтаи коршиносон, ки дафтари нахуствазири Британия мунташир сохтааст, Камерон зимни суханронии худ дар донишгоҳи Пекин ба донишҷӯён мегӯяд, ки дар Чин пешрафтҳои иқтисодиву сиёсӣ бояд ҳамқадам бошад. Камерон ки дар садри як ҳайати 50 нафарии тоҷирону соҳибкорон аз Чин боздид мекард, дар маросими имзои қарордодҳои ҳамкоиҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ба арзиши 50 миллиард доллар ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG