Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия боҷ аз содироти сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро лағв мекунад


Ноиби аввали сарвазир, Асадуллоҳ Ғуломов вавазири энержии Русия Сергей Шматко ҳангоми имзои ёддошти тафоҳум.

Ноиби аввали сарвазир, Асадуллоҳ Ғуломов вавазири энержии Русия Сергей Шматко ҳангоми имзои ёддошти тафоҳум.

Русия ба лағви муқарароти боҷи давлатӣ аз содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон усулан мувофиқат кардааст. Ин тавофуқ муҳимтарин натиҷаи нишасти камисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиии Тоҷикистон ва Русия унвон шудааст.

Тарафҳо ба созиш расиданд, ки ин роҳи ҳалли масъаларо то моҳи январи соли 2011 пайдо кунанд. Дар нишасти 11 -уми камисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Маскав доир шуд, тавофуқ шудааст, ки то аввали моҳи январи соли оянда, яъне то яку ним моҳи дигар, бояд ҷонибҳо заминаи ҳуқуқии содироти бидуни боҷи давлатии сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон кунанд.

Сергей Шматко, вазири энержии Русия ва раиси камисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар аз ҷониби Русия гуфтааст, ки «ин тавофуқ муҳимтарин дастоварди нишасти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар будааст».

Лозим ба ёдоварист, ки тобистони имсол бо тағйир дар низоми содироти фуровардаҳои нафтии Русия, ки сабаби боло рафтани нархи бензин дар Тоҷикистон гашт, сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо номае унвонии ҳамтои русаш Владимир Путин, аз ӯ хост дар ҳалли ин мушкил кӯмак кунад. Путин ба ҳукумат супориш дода буд, ки масъала баррасӣ шавад ва тавре дида мешавад, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон ҷаласаи кумиссюни дуҷониба дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли рукуди нисбӣ қарор дорад. Ин ҳам ба он сабаб, ки Маскав дар баҳси марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз мавзеъгирии мухолифонаи Узбакистон ҳимоят кардааст.

Дар ин ҷаласа ба сурати умум вазъи феълии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои инвеститсионӣ ва илмию фаннии ду кишвар баррасӣ шуд. Дар нишасти хабарии фарҷоми ҷаласа, ҳангоми посух ба суолҳои журналистон дар бораи дараҷаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати "Газпром"-и Русия, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон ва ҳамраиси кумиссюни дуҷониба, Асадулло Ғуломов гуфт, ба "Газпром" иҷозаи ҷустуҷӯ ва коркарди чанд кони нафт ва газ дода шуда, кор оғоз ёфтааст ва идома дорад." Тарафҳо қарор карданд, ҷаласаи навбатии кумиссюни байнидавлатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар ҷаласаи Кумиссюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки Русия дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи дигари барқи обӣ бунёд кунад. Ҳамчунин замонбандии пардохти қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" баррасӣ ва тасдиқ гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG